Дар корхонаи дӯзандагии «Ҷамолбӣ»-и ноҳияи Муъминобод барои 1100 хонанда либоси мактабӣ дӯхта шуд
МУЪМИНОБОД, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи дӯзандагии «Ҷамолбӣ»-и ноҳияи Муъминобод барои 1100 хонанда либоси ягонаи мактабӣ дӯхта шуд.
Тавре роҳбари корхона Нураҳмад Мирзоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, мақсад аз таъсис додани корхона бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занон ва духтарон, инчунин бо сифати баланд дӯхтани либоси мактабӣ мебошад. Корхона бо 21 муассисаи таълимӣ шартнома дошта, хонандагонро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд.
Масъулини корхона ба 12 нафар ятими кулл, 5 нафар нимятим ва ба 20 нафар хонанда аз оилаҳои камбизоат ба тариқи ройгон либоси ягонаи мактабӣ тақдим намуда, тасмим гирифтаанд, ки ин амали хайрро идома диҳанд. Дар корхона ҳоло 13 дӯзандаи таҷрибадор фаъолият доранд. Корхона дар оянда имкон дорад то 10 нафар дӯзандаро ба кор қабул намояд.
Дар дохили корхона бунгоҳи тиббӣ, мағоза, осиёб, дорухона, дорухонаи байторӣ, корхонаи пахтатозакунӣ ва толори варзишӣ мавҷуд мебошанд.
Дар ноҳияи Муъминобод 558 соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки чунин корхонаҳоро дар ноҳия бештар таъсис дода, дар рушди соҳаи саноат саҳм гузоранд.
АКС: АМИТ « Ховар»








Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






