ДАР МАРЗҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз имтиҳони таърих гузаштаанд

Август 22, 2024 07:41

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки муносибатҳои давлатӣ-сиёсии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтиром, эътирофи баробар ва бародарона амалӣ намудааст. Ин сухани муқаррарӣ нест, балки воқеияти беш аз 30 соли охир мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон на танҳо дар сухан, ҳамчунин амалан Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақоми давлати ҳамсоя, дӯст ва шарики боэътимод эътироф ва қабул кардааст.

— Муҳимтарин сархати муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Қазоқистон ин воқеият метавонад бошад, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва сокинони Қазоқистон — одамони гуногункасб ва гуногунсол нисбат ба Тоҷикистон ва сокинони он муносибати саршор аз меҳру муҳаббати инсонӣ доранд.

Таърихи башарият садҳо муноқишаҳоро байни мамлакатҳои ҳамсоя дар ҳама қитъаҳои олам — аз Осиё то Аврупо, аз Амрико то Африқо сабт намудааст, ки оқибати ҳамаи он сулҳ будааст. Хушбахтона, муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ибтидои расидани ҳарду мамлакат ба истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз муваффақона, бародарона ва дӯстона мебошанд.

Албатта, ноил шудан ба чунин муносибати манфиатовар ба ҳарду давлат бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев муяссар шудааст.

Ҳанӯз моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Санади дигари муҳим Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Дар ин созишнома принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба — эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн барои амалӣ намудани робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.

3-4 майи соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафари давлатӣ дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ниҳоят муҳим ва самарабахш ба ҳисоб меравад. Даъвати ҷониби Қазоқистон аз Сарвари давлати Тоҷикистон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба ин кишвари бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва нишони возеҳи эҳтирому эътимоди ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ мебошад.

Самимияту эҳтироми мардуми қазоқ ва роҳбарияти ин давлати бузург ба мардуми тоҷику Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳангоми фуруд омадани тайёра дар Фурудгоҳи байналмилалии Остона ба номи Нурсултон Назарбоев эҳсос гардид. Ба истиқболи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хосу самимӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба фурудгоҳ омаданд ва Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд. Фурудгоҳ ва кӯчаҳои марказию асосии шаҳри Остона бо парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфта буд.

Қабл аз ин, 19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба густариши ҳамкории стратегии ду давлати бародар такони тоза бахшид.

Ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо иштироки ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузор гардидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мешавад.

Муносибатҳо байни доираҳои илмию эҷодӣ ва созмонҳои чамъиятӣ барқарор шуда, бемайлон густариш меёбанд. Шаҳрвандони ду давлат имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси квота таҳсил кунанд.

Нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки ин сафар ба муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсири нав расонид. Дар ин сафар муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.

Моҳи ноябри соли 2021 вакилони парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникии ройгонро дастгирӣ карданд. Тибқи ин созишнома, Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки бебозгашти техникӣ-ҳарбиро дар шакли моликияти ҳарбӣ ирсол намуд, ки нишони таҳкими ҳамкории ҳарбии Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.

Яке аз самтҳои дигари ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон- рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ мебошад. Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи даҳум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди рушди технологияи рақамии ин давлат дарак медиҳад.

Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Шоистаи таҳсин аст, ки ҷониби Қазоқистон имрӯзҳо тасмим гирифтааст, ки таҷрибаи ғании худро дар самти иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба мутахассисони соҳаи ҳукумати электронии тоҷик бо роҳи ташкили машғулият ва даврҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон омӯзонад.

Бо боварии комил метавон изҳор кард, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон минбаъд низ рушду такомул ёфта, намунаи олии муносибатҳои неки давлатдорӣ дар байни ду мамлакати ҳамсоя мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2024 07:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркия содагардонии расмиёти раводидро баррасӣ намуданд
22 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН. Заминро бояд самаранок ва оқилона истифода бурд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд
Дар Боку омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад