Дар Москва масъалаи фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии Сафорат тариқи маҷозӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, мушкилоти онҳо дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Русия, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






