Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ доир гардид

Август 14, 2024 14:32

ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сокинони ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ- пирони рӯзгордида, занону духтарон ва масъулини кумитаи маҳаллаҳо аз ҳамаи деҳаҳои ин ҷамоат вохӯрӣ гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буд. Зимнан масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян ва бартараф намудани сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мусоидат мекунанд, баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ байни сокинони ноҳия, пешгирии шиддати дохилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонидани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордошта, аъзою пайравон ва тарафдорони ташкилоти ифротӣ бо овардани рақаму далелҳои оморӣ сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб аз ваколатҳои фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафаронони обрӯманди маҳал ҳамчун намояндагони пешсафи ҷомеа бояд истифода бурд.

Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хусуси нақшаи даъват ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, омӯхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароити таъминоти муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ, ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ба ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал ва нигаҳдошти ҷомеаи солим ибрози назар карда шуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Август 14, 2024 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад