Дар Сеул имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Август 27, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул дар ҳамкорӣ бо созмони «International World in Korea» таҳти унвони «Tajikistan Day 2024» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ доираи васеи мақомоти фарҳангиву сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Унвонҷӯи бахши мудирияти сайёҳии Донишгоҳи Сунчонхянг Суҳайлӣ Каримов иштирокдоронро бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ҷозибаҳои сайёҳии гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ шинос кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 27, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд