Дар шаҳри Хуҷанд 30 000 метри мураббаъ роҳ мумфарш карда мешавад

Август 3, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 03.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии кӯчаи Камоли Хуҷандӣ- аз буриши чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин оғоз шуд, ки он дар маҷмуъ 30 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

«Бо дастур ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун идома дорад»,- изҳор намуд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон

Дар ин раванд дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта, даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ мумфарш  шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ аз буриши чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин беш аз 1 километру 500 метр бо паҳноии 20 метр буда, дар маҷмуъ 30 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон ду канори роҳ бо сад чароғпояи замонавӣ таҷҳизонида шуда, пайроҳаҳо навсозӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 3, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд