Дар Восеъ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 623 миллион сомонӣ расонида шуд
ВОСЕЪ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи аввали имсол дар ноҳияи Восеъ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 623 миллиону 345 ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 89 миллиону 277 ҳазору 900 сомонӣ зиёд буда, 116,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз тарафи кишоварзони ноҳия ба хориҷи мамлакат 2060 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки иҷрои нақшаи солона 76,8 фоиз таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 620 тонна кам мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҷамшед Шарифзода афзуд, ки дар ноҳия дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба назар мерасанд.
Дар шаш моҳ 1 ҳазору 776 тонна гӯшт, 14 ҳазору 931 тонна шир, 2 миллиону 834 ҳазору 100 дона тухм, 248,1 тонна пашм, 4 тонна пилла, 9,5 тонна асал ва 16,8 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Зимни нишаст иброз гардид, ки фарҳанг низ яке аз соҳаҳои бахши иҷтимоиёт ба шумор рафта, дар ташаккули тарбияи маънавии аҳолии ноҳия нақши назаррас дорад. Дар ноҳия 56 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки инҳо 30 китобхона, 22 муассисаи клубӣ, 1 мактаби санъат, 1 боғи фарҳангӣ, 1 филармонияи халқӣ ва дигар муассисаҳо мебошанд.
Иброз гардид, ки мутаассифона, ҳоло ҳам дар ноҳия клубу китобхонаҳое мавҷуд мебошанд, ки садамавӣ ва таъмирталаб буда, барқарор кардани ин муассисаҳои фарҳангӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор гирад.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






