Даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот».
Дар Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» кадбонуҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни нонҳои омоданамуда ва таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро ба намоиш мегузоранд. Ҳамчунин кадбонувон ба иштирокдорон тарзи омоданамоӣ ва хусусияти фоидабахшии хӯрокҳоро шарҳ медиҳанд.
Фестивал ва озмун бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир мегардад.
Ба гуфти масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот», яке аз ҳадафҳои баргузории фестивалу озмун- ин ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон ва муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд






