Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст гардид

Август 15, 2024 15:02

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 август даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуд, ки дар он мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и ноҳияи Сино Фирӯза Ғаюрова сазовори ҷойи якум гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ба назар гирифта шуд. Барои ҳар довталаб зимни гузаронидани машғулият ва кор бо кӯдакон вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ аз 30 то 35 дақиқа вақт пешбинӣ гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити кунунӣ ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалат дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани он тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

АКС:  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 15, 2024 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд