ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИСТИХРОҶИ АНГИШТ. Имсол истихроҷи ангишт ба зиёда аз 3 миллион тонна расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол корхонаҳои соҳаи ангишти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки истихроҷи «тиллои сиёҳ»- ангиштро ба зиёда аз 3 миллион тонна расонанд. Ин ба он рабт дорад, ки якшанбеи охири моҳи август дар Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт муқаррар шудааст.
Истихроҷи 1,2 миллион тонна ангишт дар мамлакат
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Юнусзода иброз намуд, дар ҳафт моҳи имсол дар ҷумҳурӣ истихроҷи ангишт аз ҷониби 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуда, беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 240 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Истихроҷи 2,5 миллион тонна ангишт- баландтарин нишондиҳанда дар таърихи Тоҷикистон
Ба андешаи Баҳром Юнусзода, маҳз дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти рушди соҳаи истихроҷи ангишт дар радифи дигар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ назаррас гардида, ҳаҷми истихроҷи ангишт соли 2022 бори аввал дар ҷумҳурӣ ба 2,5 миллион тонна расонида шуд.
Аз он зиёда аз 371 ҳазор тонна содирот гардид, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар таърихи Тоҷикистон мебошад.
Ба давлатҳои ҳамсоя беш аз 58 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст
Дар ҳафт моҳи имсол Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ беш аз 58 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 2,2 миллион доллар содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 45 ҳазор тонна кам мебошад. Омили асосии кам гардидани содироти ангишт,- мегӯяд корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ,- ин ба болоравии арзиши транзитӣ аз 7 доллар то 40-55 доллар, гум гардидани қобилияти рақобатпазирии нархи ангишти содиротшаванда дар бозори Покистон ва коҳиш ёфтани нархи фурӯши ангишт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 рабт дорад.
Саҳми кормандони соҳа барои баромадани ҷумҳурӣ аз буҳрони энергетикӣ назаррас аст
Дар айни замон соҳаи саноати ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ иртиботи зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳиму назаррас дорад. Солҳои охир кормандони соҳаи саноати ангишт барои баромадани ҷумҳурӣ аз буҳрони энергетикӣ, бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатие, ки аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт гузаронида шудаанд, корҳои зиёд ба анҷом расониданд.
Имсол истихроҷи ангишт ба зиёда аз 3 миллион тонна мерасад
Новобаста аз он ки истихроҷи ангишт соли 2023 бо назардошти кам гардидани содироти ангишт ва паст гардидани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли 2022 16 фоиз коҳиш ёфт, имсол корхонаҳои соҳа тасмим гирифтаанд, ки истихроҷи ангиштро ба зиёда аз 3 миллион тонна расонанд. Ин бозгӯи самараи меҳнати софдилонаи ҳар мутахассиси соҳа арзёбӣ мешавад,- афзуд Баҳром Юнусзода.
Барои таъмини «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2» бояд 800 ҳазор тонна ангишт захира шавад
Таъминоти «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2» бо ангишти ба талаботи ин марказ ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои асосии корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт мебошад. Аз оғози фаъолияти марказ то имрӯз ягон мушкилӣ вобаста ба таъминоти он бо ангишт сабт нашудааст.
Имсол барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва таъмини «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2» интиқоли 800,0 ҳазор тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То 21 август мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида, ба ҶСК «МБГ-2 шаҳри Душанбе зиёда аз 570,0 ҳазор тонна ангишт интиқол дода шуд. Дар ин самт корҳо идома дошта, миқдори пешбинишуда дар муҳлати муайяншуда интиқол дода мешавад.
«Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба рушди соҳа мусоидат менамояд
Вобаста ба истихроҷ, истифода ва дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаи ангишт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки яке аз принсипҳои асосии он саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, «Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро моҳи августи соли 2019 тасдиқ намуд. Дар ин замина Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия дорад, ки татбиқи он ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Ба коркарди зеризаминии конҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳаи истихроҷи ангишт-ин заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Дар марҳилаҳои амалишавии ҳадафҳои гузошта ба масъалаи коркарди зеризаминии конҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуда, бо ин мақсад ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад.
«Назар-Айлоқ» ва «Фон-Яғноб»- конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2013, захираҳои ангишти антратсити конҳои «Назар-Айлоқ» ва ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб» ба «Номгӯи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ» ворид карда шудаанд. Дар ин замина сохтмони корхонаи истеҳсол, коркард ва бойгардонии антратсит бо истифода аз захираҳои кони «Назар-Айлоқ» ва истеҳсоли ангишти кокс аз коркарди захираҳои ангишти кони «Фон-Яғноб», истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он ба давлатҳои хориҷӣ, ки талаботи зиёд дорад, метавонад ба таъмини рушди соҳаи саноати ангишт ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Нақши корхонаҳои истихроҷи ангишт дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистон
Баҳром Юнусзода дар анҷоми суҳбат иброз намуд, ки мутахассисони ботаҷрибаи корхонаҳои соҳаи саноати ангишти мамлакат минбаъд низ барои афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва коркарди он, таъминоти саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, афзоиши ҳаҷми содирот ва истифодаи бештари иқтидор кӯшиш намуда, барои рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон