ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид

Август 20, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳоро таъмин намуда, тамомияти арзии давлатро нишон медиҳад. Дар раванди қабули қарор давлат мустақил буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Ҳар халқу миллат дар масири таърих барои пойдорию рушди давлати миллӣ мубориза мебарад, то соҳибихтиёрияшро аз даст надиҳад, зеро истиқлолият неъмати бузург аст.

Истиқлолияти давлатӣ- ин рӯйдоди бузург миллати тоҷикро баъд аз қарнҳои зиёд дубора соҳиби давлати соҳибихтиёр гардонид. Рушд ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ таърихан бесобиқа мебошанд ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Чунин нигоштааст дар мақола ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек.

— Дар масири таърих давлат ҳамчун ниҳоди асосии сиёсӣ-ҷамъиятӣ муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд ва рушду инкишофи ҷомеаро таъмин менамояд. Омилҳои асосии ба вуҷуд омадани давлат дар тамаддуни башарӣ “моликият”, “танзимнамоӣ” ва “субот”-ро ташкил медиҳанд, ки хосияти доимӣ будани давлат дар ҷомеаро ифода менамоянд. Давлат шакли сиёсии ҷомеа буда, маҳсули зеҳни инсон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти чунин хосият он шакл ва сохтори худро бо маҷрои инкишофи ҷамъият такмил медиҳад.

Давраи нав, ки дар даврабандии таърихӣ аз асри XVII шуруъ  мешавад, дар ташаккул ва ҳастии давлат асосҳои нав ҷорӣ намуд, ки то имрӯз давлатҳо аз рӯи он арзи ҳастӣ менамоянд. Мафҳуми Истиқлол ва Давлати миллӣ ҷавҳари давлатро дар давраи нав ташкил медиҳанд, ки дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ ва тартиботи ҷаҳонӣ ба муносибат бо давлат ва ҳастии он аз рӯи ин асосҳо баҳо гузошта мешавад. Дар ин раванди мураккаб бархе халқу миллатҳо баҳри ташкили давлат ва истиқлолу озодии худ солҳо мубориза мебурданд ва баъзе миллатҳо то имрӯз мубориза мебаранд. Дар таърихи инсоният чандин фоиҷиаҳои хунин ба вуҷуд омаданд, ки сабаби асосии онҳо муборизаи миллатҳо барои расидан ба истиқлолу озодӣ буд.

Масоили давлату давлатдорӣ дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик решаи қадимӣ дорад. Далели дорои таърихи қадим будани давлату давлатдории моро якчанд давлатҳои қадим, ба монанди Суғду Бохтар, Сосониён, Ашкониён, Ҳахоманишиниҳо, Кушониён ва шоҳасари А.Фирдавсӣ “Шоҳнома”, ки фарогири таърихи зиндаи халқи мо мебошад, ташкил медиҳанд. Мо, тоҷикон дар баробари дигар халқҳои қадимии олам, ба монанди римиҳо, юнониҳо, чиниҳо ва дигарон ҳанӯз хеле барвақт аз давлату истиқлол бархурдор будем. Авҷи аълои истиқлолу озодии халқи мо дар замони Сомониён буд, ки дар саҳифаи давлатдории халқи мо “давраи тиллоӣ” ба ҳисоб меравад. Маҳз дар замони Сомониён халқи тоҷик пурра ташаккул ёфта, забон ва адабиёти тоҷик инкишоф ёфт.

Марҳилаи муосири давлатдорӣ аз қабули Эъломияи истиқлоли дав­латӣ дар моҳи сентябри соли 1991 оғоз мегардад, ки Тоҷикистон ба сифати субъекти давлати миллӣ дар арсаи байналхалқӣ эътироф гардид. Даҳсолаи аввали даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ё ба ибораи дигар, мустақилона шуруъ намудан ба давлатдории миллӣ барои мардуми мо марҳилаи хеле сангин ба ҳисоб мерафт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, ки “баъди расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд”.

Оғози бурхӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои мамлакат ба буҳрони сахти сиёсӣ-иқтисодӣ оварда расонд, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд. Давлати ҷавони Тоҷикистонро вазъияти мураккабу номуайн фаро гирифт. Ба навиштаи мушоҳидони давр, “дар ҷомеа, махсусан дар мақомоти қонунбарор ва ҳукумат одамон ба се гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳи якум мехост ҳарчи бештар вазифаҳоро дар ҳукумат ишғол намояд, гу­рӯҳи дуюм баҳри ғасби ҳокимият умед ба шарикони хориҷӣ дошт ва гурӯҳи сеюм мавқеи бетарафиро ишғол намуда буд”.

Чунин мавқеъгирии масъулини давлатӣ низ яке аз сабабҳои сар задани низоъ дар мамлакат ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ саҳифаи нав боз намуд, ки хатари аз байн рафтани давлатро пешгирӣ намуд ва баҳри бунёди низоми нави давлату давлатдорӣ заминаи устувор ба вуҷуд овард. Рисолати таърихии иҷлосия аз он иборат буд, ки Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти ба вуҷудомадаи он замонро хуб дарк намуда, барои ҳалли он қадамҳои устувор ниҳоданд.

Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор шудани ҳукумати конститутсионӣ бо сарварии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути интихоби механизми дурусти идоракунии сиёсӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва ба масири созандагӣ равона кардани ҳама неруҳои сиёсии мамлакат заминаи муваффақ гардид. Қабули Конститутсияи нав, такмили низоми идоракунии сиёсӣ, таъсиси сохторҳои комилан нави сиёсӣ ва маъмурию идоракунӣ дар мамлакат роҳи ояндаи давлатдории миллиро муайян намуд.

Таърихи таҷрибаи ду даҳсолаи охири даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки низоми идоракунии давлатӣ бунёд гардида, рушду инкишофи иқтисоди миллиро марҳила ба марҳила таъмин намуд ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон баланд гардид. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 83% соли 1998 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Шохаҳои ҳокимият ташаккул ва инкишоф ёфта, дар мамлакат маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи умумихалқии президентӣ, парлумонӣ баргузор гардиданд. Баргузории маъракаҳои сиёсӣ, агар аз як тараф баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуд, аз тарафи дигар, масъулияти шаҳрвандии мардумро дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва вахдати миллӣ бедор намуда, рамзи истиқлоли давлатӣ гардид.

Тафаккури миллӣ, ки қудрати асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад, маҳз тавассути истиқлоли давлатӣ ташаккул ёфта, барои рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихӣ шароити ҳамаҷониба фароҳам овард. Дар ин масир хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар барқарор намудани суботи сиёсӣ, бунёди низоми идоракунии давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҷлили солгарди мутафаккирони халқи тоҷик, ки ба хотираи насли нав таъсири бузург мерасонанд, баръало намоён мегарданд.

Маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати ташаббускор дар арсаи байналхалқӣ эътироф гардид ва имрӯз рушди устувори давлат бомаром идома меёбад. Истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ дар миқёси мамлакат бо сарварии Пешвои миллат нишонаи истиқлолият мебошад.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки иқтидори миллӣ ба ҳисоб меравад, бо азму талоши Сарвари давлат ва заҳматҳои мардуми шарафманди тоҷик идома дорад. Маҳз заҳматҳои бузурги Президенти Тоҷикистонанд, ки ин иншооти муҳими аср, ки аз ҷанд ҷиҳат барои истиқлоли давлати мо муҳим аст, сохта мешавад.

Ҳоло Душанбе-маркази Тоҷикистон пурра симои нав касб намудааст. Ҳамарӯза иншооти зиёд бо тарҳи меъмории милливу муосир бунёд мегарданд, ки таърихи дуру дарози миллати моро таҷассум менамоянд. Бунёди Майдони истиқлол, Наврӯзгоҳ, Қасри миллат ва таҷлили бошукуҳи идҳои миллӣ, ба монанди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ,  Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон нишонаи истиқлолу озодии халқи мо мебошад.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати миллии мо, ки баъди муборизаҳои зиёди садсолаҳо ва заҳмати зиёди басе сангини мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихиро гузошт. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи мамлакат ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад».

Мо бояд дастовардҳои истиқлоли давлатиамонро, ки ба ҳастии миллат ва бақои давлат равона шудаанд, ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи давлат заминаи боэътимод фароҳам оварем.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил мегарданд.

АКС аз бойгонии муаллиф

Август 20, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд