Дар Суғд ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби аҳолӣ беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт соли охир дар вилояти Суғд 3,6 миллион метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар вилояти Суғд ҳаҷми маблағгузории капиталӣ аз ҷониби аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли равон 3,7 маротиба ва соҳибкорӣ ба 5,8 маротиба зиёд шудааст. Аз ин нишондиҳандаҳо бармеояд, ки сол ба сол саҳми бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва аҳолӣ дар маблағгузории капиталӣ зиёд шуда истодааст.
Агар дар соли 2018 саҳми бахши ғайридавлатӣ дар структураи маблағгузории капиталӣ 68 фоизро дар бар гирад, дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 82 фоиз баробар шудааст, ҳол он ки саҳми маблағгузори давлатӣ низ 1,2 маротиба зиёд мебошад.
Дар вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон, бунёд ва навсозӣ 12 000 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ин давра, 538 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 392 иншооти соҳаи тандурустӣ, 930 адад соҳаи маориф, 338 соҳаи варзиш, 129 адад соҳаи фарҳанг, 227 соҳаи саёҳӣ, 1607 соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2045 адад қитъаи роҳ, 164 пул, зиёда аз 500 бинои истиқоматии баландошёна, 91 бинои маъмурӣ ва зиёда аз 5200 дигар иншоот бунёду навсозӣ гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






