Кӯдакону наврасони деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим дар истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа қарор доранд

Август 27, 2024 13:41

ХОРУҒ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кӯдакону наврасони деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ки бар асари омадани  сел хонаҳояшон пурра  ва қисман вайрон шудаанд, то соли нави таҳсил дар истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин 13 сокини хурдсоли ин деҳа дар  басти сеюми  ин истироҳатгоҳ дам мегиранд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Аминҷон Мирзоқандов иттилоъ дод,  «он кӯдакону наврасоне,  ки хонаҳояшон аз офати табиӣ  пурра зарар дидааст, аз рӯзҳои аввали ин ҳодиса дар истироҳатгоҳи «Шабдез» дам мегиранд. Ҳамсолонашон аз ин деҳа, ки манзилҳояшон қисман вайрон шудаанд, бо навбат  ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Ҳоло дар  басти сеюм дар ин истироҳатгоҳ 52 нафар фароғат дорад, ки 32 нафараш аз деҳаи Зугванд мебошад».

Сардори Раёсати маорифи вилоят гуфт, ки  кӯдакону наврасон дар баробари ҳар гуна офати табию техногенӣ яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд ва аз ин рӯ бештар ба кумаки равонӣ, истироҳат ва дамгирӣ ниёз доранд. Мутахассисони соҳаи маориф бо баргузории маҳфилҳои мухталифи зеҳнию маърифатӣ, бозиҳои варзишию суннатӣ талош доранд, ки кӯдакону наврасон бо вазъу руҳияи ором, табъи хушу хотири ҷамъ ба саҳни мактаб қадам гузоранд. Дар ҳамин ҳол баъзе аз идораву муассисаҳои давлатӣ тасмим гирифтаанд, ки ин кӯдакону наврасонро бо либоси ягонаи мактабӣ ва асбобу ашёи хониш таъмин намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад