МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шири модар майнаи сари кӯдакро босуръат рушд медиҳад

Август 3, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кӯдаконе, ки бо шири модар ба воя мерасанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Қобилияти дарки кӯдаконе, ки шири модар истеъмол кардаанд, назар ба кӯдакони шири сунъӣ истеъмолнамуда  фарқкунанда буда, сухану фармоишро ба зудӣ иҷро мекунанд. Инчунин кӯдаконе, ки шири модар истеъмол мекунанд, тезтар хоб мераванд. Зеро ҳангоми макидани сина дар организми онҳо окситасин ҳосил шуда, дар натиҷа хоби бароҳатро барои онҳо таъмин месозад.Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ аз соли 2001 инҷониб ин маърака аз 1 то 10 август ҳамчун Даҳаи дастгирии шири модар доир карда мешавад.

Ҳар қатраи шири модар барои тифл на танҳо ғизо аст, балки ҳамчун дору таъсири мусбат мерасонад. Синамаконӣ яке аз роҳҳои самарабахш буда, ҳатто барои кӯдакони норасид ҳам муфид аст. Шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст, пешакӣ тайёр кардани он лозим нест. Гарчанде ки модар чандин рӯз шири худро ба тифлаш  намаконад ҳам, он турш  ва вайрон намешавад. Инчунин он  арзиш надорад (бепул дастрас мешавад) – онро харидорӣ намудан лозим нест. Инчунин шири модар кӯдакро аз бисёр бемориҳо на фақат дар давраи кӯдакӣ, балки тамоми умр эмин нигоҳ медорад.

Ба гуфти табибон, дар рӯзҳои аввали таваллуд таркиби шири модар аз микроэлементҳо бойтар буда, аз фалла иборат мебошад. Фаллаи шири модар моддаи махсусе аст, ки дар он микроэлементҳо, махсусан сафеда ва карбогидратҳо зиёд мебошанд. Дар рӯзҳои дуюм-сеюм таркиби шири модар тағйир ёфта, дар он об ва ғизо дигаргун мешаванд. Қисми аввали таркиби шири модар аз об ва боқимонда аз ғизо иборат мебошад.

Барои он ки модар то шашмоҳагӣ ба тифлаш шир диҳад,  модарро  бо ғизои хуб таъмин намудан зарур аст. Аз ин рӯ модарон бояд баъд аз таваллуд ғизоҳои барангезандаи аллергия, ба монанди донагиҳо, шоколад, асал ва ҳатто шири говро истеъмол накунанд, зеро организми кӯдаки навзод ниҳоят нозук буда, ғизои дӯстдоштаи модар метавонад ба организми навзод таъсири манфӣ расонад.

Истеъмоли ғизои нодуруст ба модар дар вақти синамаконии  навзод таъсири манфӣ расонида, ба вайроншавии кори меъда ва рӯдаҳо, пайдошавии ҳассосият ва ҳатто заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуд модар бояд барои ҳосилшавии шир ва барқароршавии организми худ кӯшиш намояд,  зеро давомнокии лактатсия аз ҳамин вақт оғоз мегирад. Модар метавонад омехтаҳои аз биринҷ ва ҷуворимакка тайёркарда, гӯшти буғпази камравғани гов, сабзавоти маҳаллии мавсимӣ (гулкарам, картошка), маводи турши ширӣ (ҷурғот ва фаллаи беравған)-ро ба миқдори кам истеъмол намояд. Витаминҳо, микроэлементҳо ва минералҳо барои инкишофи дурусти ақлонӣ ва ҷисмонӣ ба кӯдак зарур мебошанд. Ҳамаи инҳо ба воситаи шири модар бояд ба организми навзод ворид шаванд.

Ба гуфти мутахассисон, ғизогирии модар дар 1 шабонарӯз бояд 5-6 маротибаро ташкил намояд, ки аз ин 3 маротибааш ғизои асосӣ ва 2-3 маротибаи дигараш ғизои сабуки иловагӣ ба ҳисоб меравад. Модари ширдиҳанда бояд дар 1 шабонарӯз  130-150 грамм сафеда, 100-120 грамм чарбу ва 600 грамм карбогидрат истеъмол намояд. Норасоии маводи гӯштӣ ва анемияи модар сабаби асосии норасоии оҳан дар кӯдакон шуда метавонад, ки ин ҳолат бештар дар натиҷаи дер ворид намудани ғизои иловагӣ  ба вуҷуд меояд. Барои модари ширдиҳанда дар 1 шабонарӯз истеъмоли 2 литр об зарур аст. Нокифоягии об боиси камшавии шири модар ва аз меъёр зиёди он сабаби барзиёд ҳосилшавӣ ва лактостаз – яъне, ҷамъшавии шир мегардад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки модарон дар давраи синамаконӣ бояд аз истеъмоли чунин маҳсулот худдорӣ намоянд: консерваҳо, меваҳои экзотикӣ ва маводе, ки дар таркибашон эмулгатор ва рангкунандаҳо доранд.

Вобаста ба додани шири сунъӣ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми надоштани шир ва қаноат накардани тифл аз шири модар метавон аз шири сунъӣ истифода намуд. Аммо бо меъёрҳову қоидаҳои махсус. Агар кӯдак ғизои сунъӣ гирад, пас дар ӯ хатари гирифторшавӣ ба  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории дарунравӣ  нисбат ба кӯдаконе ки бо шири модар ғизо мегиранд, 15 маротиба зиёд аст.  Махсусан агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшавӣ зиёд мешавад, чунки тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача аз ҷониби баъзе аз модарон пурра риоя намегардад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ баъд аз шашмоҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн ба кӯдак миқдори зиёди моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо зарур ҳастанд. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар намуди асосии  ғизо боқӣ монад, то кӯдаки ширмак онро истеъмол намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат: «Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари сокинони Бадахшон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар 42 сардхонаи шаҳри Ҳисор захираи маҳсулот идома дорад
Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
«ЗАН-РОҲБАР». Дар минтақаи Рашт барои занони хизматчии давлатӣ машғулият доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
Бо хизматчиёни давлатии ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор вохӯрӣ доир гардид
БАДАХШОН-МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Ҷаҳонгардон дилбастаи табиати нотакрори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон гаштаанд