Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 рақобат менамояд
ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 1 ба 2 август муштзани номдори тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 дар риштаи варзиши бокс бар ҳарифаш пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Давлат Болтаев дар ин сабқат, ки хеле бошиддат доир шуд, ба Ҷек Марли — варзишгари ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.
Муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоӣ барои баромадан ба финал бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.
Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 баромаданд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқаи сатҳи баланд мебошанд.
Ҳамчунин дар рӯзи шашуми Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фахриддин Мадкамов дар варзиши шиноварӣ ба масофаи кӯтоҳи 50 метр муаррифӣ намуд.
Фахриддин Мадкамов тариқи квота роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуда буд. Бояд гуфт, ки Фахриддин Мадкамов дар зергурӯҳи худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 бо натиҷаи 26.23 сония аввалин шуда, ба хати марра расид. Аммо ин натиҷа барои Фахриддин Мадкамов имкон надод, ки ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбад, чунки дар дигар гурӯҳҳо натиҷаҳои беҳтар сабт шуданд.
Ҳамин тавр, Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 барои шиновари мо Фахриддин Мадкамов анҷом ёфтанд.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 ҳоло як медали биринҷӣ дорад. Медали биринҷиро дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ба даст овард.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд






