НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ду ихтисоси нав омӯзонида мешавад
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли нави таҳсили 2025-2026 ду ихтисоси нав- «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаи муҳим мебошад. Ин матлабро ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишгоҳҳои тиббию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба таълими ин ду ихтисос дар соли таҳсили оянда иҷозат дода мешавад.
Донишгоҳ заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳият дар самти озмоиши клиникӣ омода намудааст. Вобаста ба ин барои пойгоҳи Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии донишгоҳ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардиданд.
Инчунин барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи таҳқиқотии тиббии Приволжскийи Федератсияи Русия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд. Дар доираи созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулияти муштарак амалӣ шуда, мутахассисон аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ омода карда мешаванд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсили баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалин, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисоси (PhD) ва докторантура омода мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






