ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Август 15, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 август дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) дар назар аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо сабаби омилҳои метеорологӣ — чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз эҳтимол дур нест.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо шаҳрвандон аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Ба гуфти табибон, дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегиранд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд.

Шахсоне, ки бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд. Инчунин ин гуна ҳаво ба шахсони гурӯҳи осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон зарар дорад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид