Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об — тамоюли дигари таҳдидовар аст, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст»
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард. Вобаста ба ин, мехоҳам аз ҳамаи Шумо даъват намоям, то дар ин ҳамоиши байналмилалӣ фаъолона иштирок намоед. Чунин даъват намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ аз иштирокдорони Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ хотиррасон шуданд, ки тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.
«Қобили тазаккур аст, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи ҷумҳурии мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дастгирии ҳамаҷониба ёфт», -иброз намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад. Аз рӯйи фоизи тавлиди «энергияи сабз» мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем. Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои «энергияи сабз» ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил диҳем».
АКС аз бойгонӣ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






