Рамзи якумин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бабри барфӣ интихоб гардид

Август 27, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Рамзи якумин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бабри барфӣ интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бабри барфӣ интихоб гардидани рамзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба он хотир аст, ки ин ҳайвони нодир рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоатмандиро ифода мекунад.

Дар Чемпионати ҷаҳон ин рамз ба он хотир гузошта шудааст, ки паҳлавонони тоҷик дар мамлакати кӯҳистон зиндагӣ карда, аз замонҳои қадим ҳамчун мардуми далеру ҷасур ва мағлубнопазир шинохта шудаанд.

Рамз аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Ҳадафи дигари он ҳифз ва нигоҳдошти саршумори ин ҳайвони нодир мебошад.

Бабри барфӣ ва ё озодапаланг аз ҷумлаи ҷонвароне аст, ки дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ҳаёти муқимӣ  дошта, ба  намуди махсуси муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дохил гардидааст.

Шикори ғайриқонунии озодапаланг ба хотири пӯсташ ин ҷонвари зеборо ба нестӣ овардааст. Бабри барфӣ  аз нодиртарин ҷонварон аст, ки танҳо дар қаламрави 12 давлати ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Дар айни замон қариб 6000 сари ин навъи паланг дар боғҳои вуҳуши ҷаҳон умр ба сар мебарад.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар бабри барфӣ сабт ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст. Ҳифз намудани ин ҷонвари зебо вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария сабт ва гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии гӯштингирӣ аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ аз 28 то 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  ки дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо — 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон баргузор мегарданд. Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд