«ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН». Таҳти ин унвон конференсияи минтақавӣ баргузор гардид

Август 28, 2024 13:20

ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ҳар сокини мамлакат заминаи боэътимоди ҳаёту фаъолиятро фароҳам овардааст. Мардуми тоҷик имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ, якдиливу якмаромӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сарбаландона зиндагӣ ва фаъолият менамояд. Чунин иброз гардид дар конференсияи минтақавие, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Шукри Истиқлоли меҳан» баргузор шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиш бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

«Истиқлоли миллӣ ба занони мамлакат имконияти воқеии дарёфти мақому манзалати арзандаро дар ҷомеа фароҳам овард. Имрӯз занони тоҷик бо пуштибонӣ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақияти беназир ноил мегарданд»,-иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳар сокини мамлакатро зарур аст дар корҳои созандагиву бунёдӣ, ҳидоят намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар барои ҳифзи марзу буми он ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, таъмини иштироки онҳо дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пошхӯрии оилаҳо ва аз таҳсил дур мондани духтарон саҳм гузорад.

Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Чевар», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос гардиданд.

Дар корхона 20 нафар занони хонанишин фаъолият дошта, 12 ҷавондухтари хоҳишманди ноҳия низ барои омӯхтани касби қолинбофию атласбофӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамасола шумораи занони соҳибкор зиёд мегардад. Имсол шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор аз ҳисоби занон 107 ҳазору 896 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо фаъолияти соҳибкориашонро аз заминҳои наздиҳавлигӣ шуруъ карда, ҳоло соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи амали он барои солҳои 2021-2025 ба имзо расидааст, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти хуби занон равона шудаанд.

Аз соли 2020 то соли 2023 320 нафар занон тибқи грантҳои президентӣ фаъолияти соҳибкорӣ намуда, дар рушди саноати мамлакат саҳм мегузоранд.

Соли 2024 396 зани соҳибкор барои дарёфти гранти президентӣ лоиҳа пешниҳод кардааст, ки 120 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфта, ҳоло мавриди баррасии комиссияи грантӣ қарор дорад. Имсол маблағи грантҳои президентӣ 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси таҳлилҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат, роҳбарони аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ занон ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ сол то сол шумораи лоиҳа ва маблағҳои грантҳои президентӣ зиёд мегардад.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 28, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд