Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба «МегаФон Football Day» омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо», ки рӯзи якшанбе, 1 сентябр дар майдони марказии Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни бозӣ мунтазам тамринҳо мегузаронанд. Дар як даста — собиқ бозингарони дастаи мунтахаби миллӣ, дар дастаи дигар — ситораҳои шоу-бизнес ва Instagram. Ҳаяҷону изтироб шиддат меёбад, зеро ба наздикӣ онҳо дар пеши садҳо нафар мухлисон вориди майдон мешаванд!
Дар майдони тамрини дастаи мунтахаби миллӣ омодагиҳо идома доранд. Варзишгароне, ки футболи тоҷикро шуҳратманд гардонидаанд, боғайратона боз ба майдон мебароянд.
«Мо нисбат ба рақибон эҳтиром дорем, аммо дар бозӣ ҳама маҳорати худро пурра нишон медиҳанд. Ин на танҳо бозӣ аст – ин имконияти бори дигар эҳсос кардани руҳияи даставӣ мебошад, ки моро муттаҳид кард»,-мегӯяд собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов.
«Мо дар назди мухлисон масъулияти баланд дорем. Онҳо ин бозиро интизоранд ва мо бояд тамоми қобилияту маҳоратро нишон диҳем. На танҳо ғолиб омадан, балки нишон додани бозии ҷолибу зебо низ муҳим аст», — иброз медорад собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Дилшод Восиев.
Дар тарафи муқобили майдон ситораҳои шоу-бизнес бо шавқу ҳавас усулҳои футболро аз худ мекунанд. «Футбол – ин дунёи дигар аст, вале мо ба бозӣ омодаем! – мегӯяд блогер Baron. – Мо таҷрибаи кофӣ надошта бошем ҳам, аммо дастгирии мухлисон ба мо неру мебахшад».
Сароянда Фаррух Ҳасанов мегӯяд, ки ҳадафи мо – исботи он аст, ки мо бо футболбозони касбӣ рақобат карда метавонем ва ҳамзамон аз бозӣ ҳаловат мебарем. Ба бозӣ тайёрем ва омодаем, ки ҳамаро бо бозии худ дар ҳайрат гузорем.
«Барои мо ин бозӣ – имконияти нишон додани худ аз тарафи дигар аст. Мо ба саҳна одат кардаем, аммо имрӯз саҳна — майдони футбол аст. Кӯшиш мекунем, то мухлисон бо мо ифтихор кунанд!» – илова мекунад дидҷей Emre Jan.
Тамринҳо идома доранд. Мухлисон танҳо тахмин карда метавонанд, ки дар ин бозии ҷолибу беназир кӣ пирӯз мешавад. То дидор дар «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»!
Шарики кулли иттилоотии «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»– АМИТ «Ховар».
Шарики расмии иттилоотӣ – Pressa.tj.
Шарикони иттилоотӣ – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо ва Love Radio TJ.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






