Содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди вилояти Хатлон кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ронандагону пиёдагардон вазъи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди роҳҳои мошингарди вилоят беҳтар гардида, шумораи садамаҳои нақлиётӣ ва бар асари онҳо ҳодисаҳои ҳалок гардидану ҷароҳат бардоштани одамон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус дар ҷаласаи фаврӣ-ҳизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давраи 7 моҳи сипаришудаи соли 2024 иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа роҳбарият ва ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷузъу томҳои милитсияи вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода иброз дошт, ки мақомоти корҳои дохилии вилоят доир ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» нақша-чорабиниҳои иловагӣ таҳия намуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар байни ҳайати шахсӣ ташкил намудааст.
Шариф Назарзода афзуд, ки бо назардошти муҳимияти ин масъала, лозим дониста мешавад, ки ҷиҳати санҷиши рафти амалигардонии талаботи фармони мазкур як қисмати ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ бо забони русӣ гузаронида шуда, ҳисоботи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо забони русӣ шунида мешавад.
Сипас сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз фаъолияти милитсияи минтақа дар 7 моҳи соли равон натиҷабардорӣ намуда, гуфт, ки дар ин давра фаъолияти мақомоти милитсия ба иҷрои босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, аҳли илм ва маориф, инчунин ҷаласаҳои корӣ доир ба коҳиш додани ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таъмини солимии оила ва хонаводаҳо, пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баён гардидаанд, равона карда шудааст.
Баъдан тамоми сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо забони русӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ ҳисобот доданд.
Зимни ин ҳисоботҳо иброз гаррдид, ки баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва рейду амалиётҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳии милитсия байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба кам гардидани содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди вилоят оварда расонид.
Дар фарҷоми ҷаласа Шариф Назарзода ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ якчанд тавсияҳои муфид пешниҳод намуда, кормандон милитсия уҳдадор гардиданд, ки тамоми қувваю воситаҳоро дар мубориза бар зидди падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат ва ҷиноятҳои муқобили амнияти давлат равонагардида, сафарбар намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






