СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кӯлоб барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он асосан ҷавонони бешуғл аз тамоми ҷамоату маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.
Қабл аз оғози мулоқот бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва корхонаву ширкатҳо намоиши ҷойҳои кории холӣ баргузор гардида, рӯйхати ин ҷойҳо пешниҳоди ҷавонон карда шуд.
Шариф Назарзода иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раванди корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Дар баробари ин якчанд лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд, ки имкони бо шуғли мавсимӣ фаро гирифтани ҷавонони бекорро доранд.
Бо назардошти ин имконият дар вохӯрӣ масълаҳои бо кору шуғл таъмин намудани ҷавонон аз ҷониби мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои марбута ва мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҷалби бештари онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тақвияти ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷавонон дар масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамроҳшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки мақомоти марбутаи давлатӣ барои ҳал кардани мушкилӣ ва дархостҳои ҷавонон омода буда, баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи дастгирии ҷавонон тамоми чораҳои заруриро таҳия ва амалӣ менамояд.
Аз иштирокдорони вохӯрӣ тақозо карда шуд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, хурофотпарастӣ, ифротишавии мафкураи насли наврас ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳм гузоранд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






