ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2024 аст
8 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.
***
8 августи соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди истифода қарор доданд.
***
8 августи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди Созмони Милали Муттаҳидро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзуи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
8 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди истифода қарор дода, ин мавзеи таърихиро зиёрат намуданд.
***
8 августи соли 2022 дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 панҷ муштзани тоҷик ба даври нимниҳоии Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳхат гирифтанд.
8 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
***
Дар Чин – Рӯзи падар.
***
Дар Бутан –Рӯзи истиқлол.