Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти хазинадории Амрико дар Душанбе баррасӣ гардид

Август 15, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда ва самтҳои нави ҳамкории дуҷониба дар соҳаи бонкдорӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико /ИМА/ зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Департаменти хазинадории ИМА таҳти роҳбарии мушовири калони Гурӯҳи хизматрасонии бонкию молиявии ин ташкилот хонум Паула Ҷонс дар Душанбе баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз саҳми назарраси Департаменти хазинадории Амрико дар татбиқи кумакҳои техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иваз намудани низоми амалкунандаи автоматишудаи Бонки миллии Тоҷикистон (Core Banking System), татбиқи ислоҳоти соҳаи суғурта ва бунёди инфрасохтори он, беҳтар кардани раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявии ташкилоти суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони низоми суғурта ва тарҳрезии бизнес-равандҳои Бонки миллии Тоҷикистон (BPMN 2.0), ташкили нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ ёдовар шуда, ба ҳайати Департаменти хазинадории Амрико миннатдорӣ баён намуд.

Ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои амалиётӣ, бозомӯзии кормандон ва омода намудани хавф, менеҷерҳои соҳавӣ, таҳлилу баррасии маълумоти омории пешниҳодшавандаи низоми суғурта, дар таҷриба амалӣ намудани низоми муосири ҳисоботдиҳии соҳаи суғурта ва дигар масъалаҳои дахлдор табодули назар намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 15, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд