Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Қазоқистон ба имзо расид

Август 24, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имзои санад дар самти иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин пешгирии қонуншиканиҳо ва саркашӣ кардан аз иҷрои санадҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон такони тоза мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки  22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 24, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд