Ҳайати Бонки миллӣ дар ҷаласаи 14-уми ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар ҷаласаи 14-уми ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (ECAPI) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти Алянси фарогирии молиявӣ ва ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пас аз баргузории Форуми глобалии сиёсат дар шаҳри Манилаи Филиппин, нақшаи кори ташаббуси сиёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2024-2028 (марҳилаи II), таҷдиди оинномаи ECAPI ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардиданд.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба маълумоти фарогирии молиявӣ масъалаҳои пешбурди омори нишондиҳандаҳои асосии фарогирии молиявӣ, методологияҳои андозагирӣ, моделҳои сиёсати фарогирии молиявӣ аз таҷрибаи кишварҳои аъзои AFI баррасӣ гардида, оғози фаъолияти зергурӯҳ вобаста ба таъсиси «Равзанаи ягонаи иттилоотӣ баҳри дастрасии маълумот» эълон карда шуд.
Дар форум иштирокдорони барномаи «Бонкдории бонувони ҷаҳон», «Пешбурд ва гуногунӣ барои танзимгарон 2024 (Women’s World Banking Leadership Diversity Program for Regulators 2024)» бо лоиҳаҳо баромад намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Тавсеа бахшидани дастрасии занони соҳибкор ба фишангҳои молиявӣ» лоиҳа муаррифӣ карда, аз ҷониби ташаббускорони «Бонкдории бонувони ҷаҳон» бо сертификат сарфароз гардонида шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






