Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки 12-13 сентябр дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия мегузарад, иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Анҷуман ба баррасии масоили мавриди таваҷҷуҳи соҳаи тағйирёбии иқлим бахшида шуда, зимни он табодули афкори ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор оид ба ин мавзуъ доир мешавад.
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин зимни суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоили об ва иқлим, махсусан эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муаррифӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд






