Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод 233 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

Сентябрь 11, 2024 16:24

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки  танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 233 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз сохтмони 108 иншоот анҷом ёфтааст, ки 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо имрӯз дар маросими ба истифода додани якчанд иншооти муосир, ки бо тарҳи милливу замонавӣ бунёд шудаанд, иштирок намудем ва корҳо дар самти бунёду навсозии даҳҳо иншооти дигар бомаром идома доранд», -иброз доштанд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Пешвои миллат, бо ифтитоҳи иншооти гуногуни навбунёд симои ноҳия боз ҳам зебо гардида, ба яке аз гӯшаҳои обод ва хушманзари диёрамон табдил меёбад.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 1,5 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

«То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи онҳо қариб 1,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст», -изҳор доштанд дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиши касб, беҳтарсозии вазъи инфрасохтори барқрасонӣ, бунёду навсозии роҳҳои мошингард, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд