Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.09.2024/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳанд. Далели ин ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар самти муқовимат ба коррпусия мебошад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки созишномаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов дар ҳошияи ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, имзо намуданд.
Дар маросими имзои созишнома роҳбарони мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Русия имзои санадро дар самти муқовимат ба коррупсия ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлоли миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба мақсад мувофиқ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Русия дар оянда барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлат шароити мусоид фароҳам меорад. Он ҳамчунин ба тақвияти неруҳое, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, таъсири мусбат мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид






