Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 11 сентябр бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст.
Бинои маъмурӣ аз панҷ утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо истифода аз шароити зарурӣ бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоянд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки дар ин рӯзҳои идонаву фархунда ифтитоҳи бинои наву замонавии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Варзоб барои аъзои ҳизб ва ҳар фарди ватандӯсти ноҳия рӯйдоди муҳим мебошад.
Таъкид гардид, ки барои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Варзоб аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ — сиёсӣ буда, фаъолияташ ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ равона шудааст.
АКС: Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






