Бо бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мушкилоти хонандагони синфҳои болоӣ бартараф шуд
РӮДАКӢ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи дониш дар деҳаи Чаманорои Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №149 мавриди истифода қарор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бинои иловагӣ бо саҳми сокинони хайрхоҳи деҳаи Чаманоро бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз ду ошёна ва шаш синфхона иборат мебошад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бинои муассиса бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоту аёният таъмин гардид.
Бо бунёди бинои иловагии муассиса ва табдил додани он ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дигар хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил 3-4 километр роҳи ҷумҳуриявии Ёвон-Рӯдакӣ ва Рӯдакӣ-Душанберо тай намекунанд. Ҳамзамон хатари осеб дидану зери чархи мошин мондани хонандагон бартараф гардид.
Мувофиқи маълумоти Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, давоми соли 2024 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 82 синфхонаи иловагӣ дар назди 16 муассисаи таълимӣ ва ду бинои муассисаи таълимии нав ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 2050 ҷойи нишастро дар як баст ташкил медиҳанд. Ҳамчунин то охири соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 45 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






