Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад. Барои баргузории ин озмун Пешвои миллат имрӯз зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки ин озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.
Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала дар муддати се моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






