БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ

Сентябрь 21, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2002 ҳамасола 22 сентябр ба гиромидошти хотираи бунёдгузори адабиёти тоҷикӣ, нахустин шоири машҳури тоҷикзабон, асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Рисолати таърихии Устод Рӯдакӣ дар он таҷассум меёбад, ки забони ноби тоҷикиро дар шакли адабиву бадеӣ ва илмиву расмӣ асос гузошт ва он давра ба давра аз Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Аттор, Ҷомӣ, Бедил то Айниву Ғафуров, Улуғзода ва замони мо беолоиш расид. Гуфтан ба маврид аст, ки адабиёти тоҷик маҳз аз Рӯдакӣ сарчашма мегирад.

Дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бузург аст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷик мақоми сарварӣ дорад, бинобар ин, ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «Одамушшуаро», «Устоди сухан», «Устоди шоирон», «Устоди Аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан мегӯянд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад».

Муҳаққиқон ва олимони рӯдакишинос бо ишора ба сарчашмаҳо Рӯдакиро ихтироъкори бисёр шаклҳои шеърӣ меҳисобанд, аз қабили ғазалу қитъаву рубоиву қасидаву фарду маснавӣ. Сомониён ба Рӯдакӣ унвони «Маликушшуаро» ато намудаанд. Вақте Рӯдакӣ шеър мегуфту қасида месароид, баъзе халқу миллатҳо ҳатто ҳарф надоштанд, ки фикру андешаи худро баён доранд. Чи расад ба он ки дар шакли назму наср осоре эҷод карда бошанд. Ин аз таърихи қадимӣ доштани забони тоҷикӣ дарак медиҳад ва ин забон то имрӯз барои мардуми тоҷик фаҳмо ва возеҳу равшан аст.

Забони сода, равон, оммафаҳм ва пуртаъсири шеъри Рӯдакиро дар воқеаи таълиф гардидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» мушоҳида карда метавонем, ки Амири Сомонӣ пас аз шунидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» ҳатто ба як пой мӯзаи хешро напӯшида, ба асп савор шуд ва ҷониби Бухоро роҳ пеш гирифт. Ҳамин як шеъри Устод нишон медиҳад, ки чӣ гуна Рӯдакӣ ва шеъри ӯ назди хосу ом нуфузу эътибор дорад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «мояи ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ бо ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст».

Аз ин дидгоҳ ифтихори тоҷикон аст, ки забоне бо номи «тоҷикӣ» доранд ва тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бонуфузтарин минбари ҷаҳон — Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад ва абзори худшиносиву худогоҳии миллӣ аст.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯдакӣ маънии инсонгароиро бо забони фасеҳу шево пешниҳод мекунад, аз ин лиҳоз, арзишҳои волои каломи Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегарданд, ки ӯ ба масъалаи тарғиби некӣ ва накӯкорӣ таваҷҷуҳи алоҳида нишон додааст. Ҳатто Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе барои тақвияти суханҳояш аз поягузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин иқтибосро овард:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Ин бузургии Рӯдакиро нишон медиҳад, ки маҳз сарвари як давлати абарқудрати ҷаҳон ба шеъри Рӯдакӣ истинод мекунад. Рӯдакӣ одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил ва чароғи ақлу хирад номидааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар таълимоти Рӯдакӣ барои инсон тандурустию некхӯию хирадмандӣ беҳтарин фазилатҳо арзёбӣ гардидаанд. Шахсоне, ки дорои ин фазилатҳо мебошанд, аз ғаму ғусса озоданд, зеро ахлоқи шоиста ва накӯкорӣ инсонро машҳур мегардонад. Дар таълимоти Рӯдакӣ нигоҳ доштани нафс ва аз рӯи виҷдон амал кардан, самимияту меҳрубонӣ бар мардуми афтода ва эҳтирому тавозуъ бар шахсони муҳтоҷ низ мардонагӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО соли 2008  1150 – солагии Устод Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина, конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат дарак медиҳанд.

Устод Рӯдакӣ таҷрибаҳои чандсадсолаи шеъри пешиниёнашро бар ҳадди ниҳоӣ расонда, жанрҳои мухталифи шеъри тоҷикиро такмил дод ва ҳатто баъзе аз онҳоро ихтироъ ҳам кард. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки Рӯдакӣ арӯзро, ки низоми шеъри арабӣ буд, комилан вориди шеъри тоҷикӣ намуд ва худ низ дар баҳрҳои гуногуни вазни арӯз шеър эҷод кард.

Баъд аз Рӯдакӣ на танҳо шоирони тоҷик, балки шоирони арабзабону туркзабон низ бо такя ба суннатҳои адабии Рӯдакӣ шеър гуфтаанду мегӯянд.

Расул МАҶИДЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба робитаи илм бо истеҳсолот ва технологияҳои коркардшуда машварати илмӣ баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд
Шоири ғазалсарои тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми шоиста дорад
Азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои шаҳри Душанбе ба анҷом расид
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд
ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявӣ дар «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара доир шуд
АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад