Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои истиқоматии бисёрошёна сохта мешавад

Сентябрь 15, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои истиқоматии баландошёна сохта мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, бино аз 9 ошёна ва 108 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаи якум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Бино бо ду лифт таҷҳизонида шуда, тавассути батареяҳои офтобӣ бо барқи доимӣ таъмин мешавад.

Бино пурра бо риояи нақшаи кулли Ҷамоати шаҳраки Меҳробод сохта мешавад. Дар назди бино истгоҳ барои нақлиёти сабукрав, майдонча барои бозии кӯдакон ва ҷойҳои дамгирӣ барои калонсолон пешбинӣ шудаанд.

Ҳоло сохтмони иншоот оғоз шуда, 25 сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сохтмон то соли 2026 пурра ба анҷом расонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сентябрь 15, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд