Дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Шабакаи оби нӯшокӣ барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз 7 то 10 сентябр доир шуд, дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Шабакаи оби нӯшокӣ барқарор гардид. Зимни ба истифода додани он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон» дар доираи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Макони озод» татбиқ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа 12 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар доираи лоиҳа як обанбор пурра таъмир ва дар масофаи 11 километтр қубурҳои обгузар хобонида шуда, беш аз 980 ҳавлии истиқоматӣ, ки 4550 нафар аҳолии Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон дар он истиқомат доранд, бо оби нӯшокии тоза таъмин гардид.
Сохтмону азнавбарқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон моҳи сентябри соли 2023 оғоз ёфта, он моҳи сентябри соли 2024 ба истифода дода шуд.
Лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






