Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор Маркази адлия ифтитоҳ гардид

Сентябрь 6, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ 5 сентябр дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Маркази адлия ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бинои хуштарҳу замонавии Маркази адлия ҷойгир шуда, аз ҳуҷраҳои бойгонӣ, роҳбарият, толори ақди никоҳ ва бойгонӣ иборат аст. Дар китобхонаи он асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд мебошанд, ки аз он кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳр истифода мебаранд.

Иброз гардид, ки толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толор барои сабти ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.

Кормандони марказ шаҳрвандон ва корафтодагонро тибқи равзанаи нави электронӣ қабул менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд