Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» 268 нафар иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 28 сентябр идома меёбад.
Дар озмун 268 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамояд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки «баргузории ин озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад. Мақсад аз баргузории озмун омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми гурӯҳҳои ҷомеа мебошад».
Иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»- донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Манижа Пулодова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар маҷмуъ 34 китоб ва мақолаҳои Пешвои миллат, аз ҷумла «Чеҳраҳои мондагор», «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат» ва «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро мутолиа намудааст.
«Ман аксари китобҳои Пешвои миллатро мутолиа намудаам, ки асосан дар онҳо доир ба давраи ташаккул ва ба вуҷуд омадани халқи тоҷик, густариши забони модарӣ ва дигар масъалаҳои таърихии халқи тоҷик сухан меравад. Хонанда ҳангоми хондан аз таърих, фарҳанг ва забони халқи тоҷик огоҳии дақиқ ва бештар пайдо менамояд. Ин хонандаро водор месозад, ки ба оянда бо назари нек бингарад»,-иброз дошт Манижа Пулодова.
Ӯ боварӣ дорад, ки сазовори яке аз ҷойҳои намоён мегардад, зеро барои иштирок дар озмун тайёрии ҷиддӣ дидааст.
Мудири кафедраи бойгонишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Майрам Маҳмадазимова иброз дошт, ки ин озмунро дар донишкада бо иштироки доираи васеи донишҷуён баргузор намуданд ва се нафари онҳо ба даври дуюм роҳат гирифтанд. Имрӯз онҳо дар назди ҳакамон донишу маҳорат нишон доданд.
«Баргузории чунин озмунҳо байни ҷавонон барои шинохти миллат ва давлат муҳим аст. Солҳои охир сафи ҷавонони китобхон зиёд мегардад, ки ин нишони таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷавонон ба китобу китобхонӣ мебошад. Далели ин гуфтаҳо иштироки наврасону ҷавонон дар чунин озмунҳо мебошад»,-афзуд Майрам Маҳмадазимова.
Ҷойи якум дар озмун ба иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1,2,3,) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба тариқи ройгон ва тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян мекунад.
Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ. Барои ғолибон ба ин тартиб мукофотҳои пулӣ таъйин шудааст:
Барои ҷойи якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон)
Ҷойҳои дуюм – 15 000 (ба ҳар яке аз ғолибон)
Ҷойҳои сеюм– 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз 24 то 28 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид






