Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Сентябрь 17, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 сентябр дар шаҳри Минск мусобиқаи футбол барои «Ҷоми сафорат» бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чорабинӣ дар ростои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил карда шуд.

Мусобиқа бо ташаббуси намояндагии дипломатӣ дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Домулло Азизов дар шаҳри Минск доир гардид. Дар мусобиқа ҳашт даста иборат аз ҳамватанон ва донишҷӯёни муқими Беларус иштирок намуданд.


Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Зарафшон», ки намояндаи диаспораи тоҷикон буд, дастаи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи миллии техникии Беларусро (БНТУ) мағлуб кард.

Ҷойи сеюмро дастаи «Авиатсия», ки аз донишҷӯёни Академияи давлатии авиатсионии Беларус иборат буд, шиғол намуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд