Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 16 муассисаи томактабӣ ва 131 маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд

Сентябрь 11, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. То соли 1991 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳамагӣ 5 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард. Ин шумора соли 2024 ба 16 адад расонида шуд. Ба ғайр аз ин дар водии Рашт 131 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шумораи умумии кӯдакони то 6 – сола дар водии Рашт 35 ҳазору 738 нафар буда, 2447 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Ин 9,1 фоизи шумораи умумии кӯдаконро ташкил медиҳад.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ 2,9 фоиз, ноҳияи Нуробод 4,6 фоиз, ноҳияи Рашт 12,5 фоиз, ноҳияи Лахш 11,5 фоиз ва ноҳияи Сангвор 24,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки масъалаи таълиму тарбия ҳамеша таҳти назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат 1 сентябри имсол зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар ба устодону омӯзгорон ва падару модарон муроҷиат намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунанд, то онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонанд.

Омӯзиши барвақтии кӯдак ба гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат дастуру супориш доданд, ки зимни пешбурди корҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем. Шумораи ин муассисаҳо имсол ба 720 адад расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдак танҳо ба шаҳри Душанбе рост меояд».

Сарвари давлат бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд, ки ин шумора ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси мамлакат ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.

«Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» қабул гардидааст, ки аз оғози татбиқи он қариб чор сол гузашт. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдошта боиси нигаронӣ мебошад», -таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуданд, ки «тибқи ин барнома, бояд ҳар сол дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ беш аз 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Вале то имрӯз аз 68 шаҳру ноҳия ҳамагӣ дар 34 шаҳру ноҳия 82 муассисаи томактабӣ сохта шудааст».

Сарвари давлат сабаби асосии чунин вазъро ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани иин барнома донистанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад