Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиши идона муовини раиси ноҳия Манижабону Аминзода таъкид намуд, ки “Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”.
Изҳор шуд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад.
Инчунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти ноҳия дар 33 соли мустақилияти Тоҷикистон, талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар робита ба таваҷҷуҳи хоссаашон ба бахши мактабу маориф, бунёди иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои бахши кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони мамлакат ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта шуд.
Дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳар гӯшаи Ватанро ба ҷабҳаи бузурги созандагиву ободонӣ табдил додаанд.
Дар идома ба як зумра кормандони бахшҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мукофот ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






