Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таҷдиди 307 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Сентябрь 14, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду таҷдиди 307 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 131 иншоот ба анҷом расонида шудаанд, ки 43 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар тантанаи идона ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт, ки шоми 13 сентябр баргузор гардид, баён намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, «зарур аст, ки корҳоро дар иншооти боқимонда вусъат бахшида, ба истифода додани онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин карда шавад».

Бо назардошти рушди ноҳияи Рашт дар солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат афзуданд, ки барои таъмин намудани пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 1,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 6 лоиҳа идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 123 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021 — 2025» амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки 79 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби бахши хусусӣ иҷрои лоиҳаҳои боқимондаи барномаро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Зимни суханронӣ Президентимамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз қабили энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ андешаронӣ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд