Дар шаҳри Хоруғ мағозаҳои муосир ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу зебо гардонидани маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ дар ин шаҳр мағозаҳои муосир ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи мағозаҳо муовини Раиси шаҳри Хоруғ Файзулло Қодирзода аз ободиву созандагие, ки солҳои охир бо дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба амал омадаанд, сухан гуфт.
Сокинони шаҳр аз бунёдкориву созандагии Ҳукумати мамлакат бо сарварии Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, шукронаи тинҷиву ободии ин сарзамин мекунанд.
Баробари ба истифода додани мағозаҳо 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






