ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ СОҲАИ ҲАВОНАВАРДИИ ТОҶИКИСТОН РУШД ЁФТ. Ба Рӯзи авиатсияи тоҷик бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 сентябр аз таъсиси авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 сол сипарӣ гардид. Соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуда, ба фаъолияти авиатсияи тоҷик ибтидо гузошт.
3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои сохти олмонии Юнкерс -13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ –ҳавонавард Рашидбек Ахриев ва бортмеханик Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) тавассути ҳавопаймо оварданд ва парвози ин ҳавопаймо ва ҳайати ҳукуматӣ ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон ибтидо гузошт.
Авиатсияи гражданӣ дар рушди иқтисодиёт нақши муассир дорад
«Авиатсияи гражданӣ соҳаи афзалиятнок ва калидӣ аст, ки ба қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, таваҷҷуҳи бештарро нисбат ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон тақозо менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам орад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар рӯзи иди касбии кормандони авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода.
30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи гражданӣ қабул гардид, ки ҳамасола таҷлил мешавад.
Майдони хокии давра бо радиуси 800-метра ба фурудгоҳи байналмилалии муосир табдил ёфт
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давра бо радиуси 800-метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Дар 33 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи мамлакат тавсеа ёфта, ҳоло дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.
Дар солҳои истиқлол инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат рушд намуд
Ба андешаи Ҳабибулло Назарзода, давоми як аср авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат рушд намуда, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.
Таъсиси Агентии авиатсияи гражданӣ
Бо назардошти аҳамияти соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва иқдоми Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия бо 30 давлати ҷаҳон
«Пешвои миллат ба соҳаи авиатсияи граждании мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои тақвияти инфрасохтори ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳо аст»,-иброз намуд Ҳабибулло Назарзода.
Бунёди терминалҳои муосир барои мусофирон ва боркашонӣ
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии Пешвои миллат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта шуда, он соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Инчунин моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, ба кор шуруъ кард.
Ҳамзамон соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд, ки бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи ҳавонавардӣ мебошад.
Бунёди манораи нави назоратӣ – самараи ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса
27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса сохта шудааст, дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Он мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.
Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.
Ба истифода додани манораи танзиму назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.
Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ қабул гардид
30 августи соли 2024 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул гардид, ки ҳадафаш таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Инчунин барнома ба баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманд ва шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Андешидани тадбирҳои муҳим бо мақсади рушди соҳаи ҳавопаймоӣ
«Таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва аз ҷониби ширкатҳо барои хизматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои муосир вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти Агентӣ ва дигар мутасаддиёни корхонаҳои авиатсионӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ҳайати кормандони Агентӣ бо мақсади рушди соҳаи ҳавопаймоӣ тамоми тадбирҳоро андешида, саъй менамояд, ки авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муаррифи нуфузи давлат табдил дода шавад»,- афзуд дар анҷом Ҳабибулло Назарзода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз