Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориҳои зоонозӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ 2 ҳолати барангезандаи бемории сиёҳрон, 17 ҳорӣ, 3 брадзоти гӯсфандон ва 2 нуқтаи пастерелёзи чорвои майда ба қайд гирифта шудаст. Инчунин 421 сар чорвои мубталои бемории буғумдард ва 1 ҳолати гирифторӣ ба бемори сӯхтанӣ (дар ноҳияи Носири Хусрав) муайян карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои масъулини кумита, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ бо ҷалби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Бемориҳои зоонозӣ хоси ҳайвонот буда, ба инсон низ сироят мекунанд, аз ҷумла ҳангоми тамос бо ҳайвони касал. Ин бемориҳо тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо таъсир мерасонанд. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонанд ва сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас андешида намешаванд, ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ доранд. Дар баъзе мавридҳо одитарин бемориҳо сабаби марги инсон мегарданд.
Масъулони кумита иттилоъ доданд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ воя (ваксина) харида, тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо он таъмин менамоянд.
Имсол ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз суратҳисоби махсуси кумита ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ ваксина харида, эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шуданд. Инчунин сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ дар байни ҳайвонот ва сироятёбии одамон аз он, пеш аз ҳама, паст будани маърифати санитарии аҳолӣ, риоя накардани қоидаҳои муносибат бо ҳайвонот, зиёд шудани шумораи сагу гурбаҳои бесоҳиб ва сари вақт нагирифтани ёрии аввалини тиббӣ мебошанд.
Сӯхтанӣ чӣ гуна беморӣ аст?
Бемории сӯхтанӣ бемории ниҳоят хатарноки сироятӣ буда, барангезандааш бактерия мебошад, ки аз ҳайвоноти калони шохдори сироятёфта ба одам мегузарад. Ин беморӣ дар пӯст, меъдаю рӯда — дар натиҷаи истеъмоли гӯшти олудаи ҳайвони сӯхтанӣ ва дар шуш – ҳангоми нафаскашӣ пайдо мешавад. Манбаи аз ҳайвон ба инсон гузаштани беморӣ риоя накардани гигиенаи шахсӣ, истифода накардани маводи муҳофизатии шахсӣ ҳангоми забҳи (куштани) чорво, коркард накардани гӯшти хом ва дуруст риоя накардани гигиенаи макони нигоҳдории чорво ва фурӯши гӯшт мебошад.
Кадом ҳайвон ба бемории ҳорӣ гирифтор мешавад?
Ба бемории ҳорӣ ҳайвонҳои даранда, ба монанди гург, шағол, рӯбоҳ ва дар баъзе ҳолатҳо муши паррон (кӯршапарак) ва хояндаҳо, инчунин ҳайвонҳои хонагӣ, аз қабили саг, гурба, гов, маркаб, асп, буз ва гӯсфанд низ гирифтор шуда метавонанд. Дар бештари ҳолатҳо бемории ҳорӣ (девонагӣ) асосан аз газидани саг пайдо мешавад. Афзудани теъдоди сагҳои кӯчагард сабаби асосии сироятёбии бемории ҳорӣ мегардад, ки имрӯз мушкили ҷиддиву хатарзо барои саломатии ҷомеа ва ҳайвонот гардидааст. Сарчашмаи беморӣ ҳайвоноти бемор буда, баъди газидани онҳо вирус ба бадан дохил мешавад ва миқдори он зуд инкишоф ёфта, тавассути торҳои асаб ба майна ҳаракат мекунад.
Брадзоти гӯсфандон чӣ гуна беморӣ аст?
Брадзот як навъ бемории шадиди гузарандаи ҳайвонот аст, ки ба он асосан гӯсфандон (бештар гӯсфандони то 2-сола) гирифтор мешаванд. Брадзот дар натиҷаи илтиҳоби ҳазорхона, рӯдаи дувоздаҳангушта ва дар узвҳои ҳозима ғун шудани бод ба амал меояд. Ин беморӣ бештар дар тирамоҳ, зимистон ва тобистон мушоҳида шуда, сабаби пайдоишаш сахт хунук хӯрдани чорво ва истеъмоли хӯрокҳои яхбаста ва мағордамида мебошад. Истеъмоли гӯшти ҳайвони касал, тарошидани пашм, ба хоҷагӣ овардану бурдан, аз ҳудуди дигар хоҷагиҳо гузаронидани гӯсфандони касал манъ аст. Чарогоҳ ва обхӯраи рамаеро, ки дар он ҷо брадзот ошкор шудааст, иваз мекунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад






