Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориҳои зоонозӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Сентябрь 15, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ 2 ҳолати барангезандаи бемории сиёҳрон, 17 ҳорӣ, 3 брадзоти гӯсфандон ва 2 нуқтаи пастерелёзи чорвои майда ба қайд гирифта шудаст. Инчунин 421 сар чорвои мубталои бемории буғумдард ва 1 ҳолати гирифторӣ ба  бемори сӯхтанӣ (дар ноҳияи Носири Хусрав) муайян карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои масъулини кумита, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ бо ҷалби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Бемориҳои зоонозӣ хоси ҳайвонот буда, ба инсон низ сироят мекунанд, аз ҷумла ҳангоми тамос бо ҳайвони касал. Ин бемориҳо тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо таъсир мерасонанд. Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонанд ва сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас андешида намешаванд, ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ доранд. Дар баъзе мавридҳо одитарин бемориҳо сабаби марги инсон мегарданд.

Масъулони кумита иттилоъ доданд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ воя (ваксина) харида, тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо он таъмин менамоянд.

Имсол ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз суратҳисоби махсуси кумита ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ  ваксина харида, эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шуданд. Инчунин сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ дар байни ҳайвонот ва сироятёбии одамон аз он, пеш аз ҳама, паст будани маърифати санитарии аҳолӣ, риоя накардани қоидаҳои муносибат бо ҳайвонот, зиёд шудани шумораи сагу гурбаҳои бесоҳиб ва сари вақт нагирифтани ёрии аввалини тиббӣ мебошанд.

Сӯхтанӣ чӣ гуна беморӣ аст?

Бемории сӯхтанӣ бемории ниҳоят хатарноки сироятӣ буда, барангезандааш бактерия мебошад, ки аз ҳайвоноти калони шохдори сироятёфта ба одам мегузарад. Ин беморӣ дар пӯст, меъдаю рӯда — дар натиҷаи истеъмоли гӯшти олудаи ҳайвони сӯхтанӣ ва дар  шуш –  ҳангоми нафаскашӣ пайдо мешавад. Манбаи аз ҳайвон ба инсон гузаштани беморӣ риоя накардани гигиенаи шахсӣ, истифода накардани маводи муҳофизатии шахсӣ ҳангоми забҳи (куштани) чорво, коркард накардани гӯшти хом ва дуруст риоя накардани  гигиенаи макони нигоҳдории чорво ва фурӯши гӯшт мебошад.

Кадом ҳайвон ба бемории ҳорӣ гирифтор мешавад?

Ба бемории ҳорӣ ҳайвонҳои даранда, ба монанди гург, шағол, рӯбоҳ ва дар баъзе ҳолатҳо муши паррон (кӯршапарак) ва хояндаҳо, инчунин ҳайвонҳои хонагӣ, аз қабили саг, гурба, гов, маркаб, асп, буз ва гӯсфанд низ гирифтор шуда метавонанд. Дар бештари ҳолатҳо бемории ҳорӣ (девонагӣ) асосан аз газидани саг пайдо мешавад. Афзудани теъдоди сагҳои кӯчагард сабаби асосии сироятёбии бемории ҳорӣ мегардад, ки имрӯз мушкили ҷиддиву хатарзо барои саломатии ҷомеа ва ҳайвонот гардидааст. Сарчашмаи беморӣ ҳайвоноти бемор буда, баъди газидани онҳо вирус ба бадан дохил мешавад ва миқдори он зуд инкишоф ёфта, тавассути торҳои асаб ба майна ҳаракат мекунад.

Брадзоти гӯсфандон чӣ гуна беморӣ аст?

Брадзот як навъ бемории шадиди гузарандаи ҳайвонот аст, ки ба он  асосан гӯсфандон (бештар гӯсфандони то 2-сола) гирифтор мешаванд. Брадзот дар натиҷаи илтиҳоби ҳазорхона, рӯдаи дувоздаҳангушта ва дар узвҳои ҳозима ғун шудани бод ба амал меояд. Ин беморӣ бештар дар тирамоҳ, зимистон ва тобистон мушоҳида шуда, сабаби пайдоишаш сахт хунук хӯрдани чорво ва истеъмоли хӯрокҳои яхбаста ва мағордамида мебошад. Истеъмоли гӯшти ҳайвони касал, тарошидани пашм, ба хоҷагӣ овардану бурдан, аз ҳудуди дигар хоҷагиҳо гузаронидани гӯсфан­дони касал манъ аст. Чарогоҳ ва обхӯраи рамаеро, ки дар он ҷо брадзот ошкор шудааст, иваз мекунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус