Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд

Сентябрь 15, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 396 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад, ки ба он 60 Қасри фарҳанг, аз ҷумла 2 Қасри фарҳанги ҷумҳуриявӣ дохил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар айни замон         аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои  Нуробод, Шаҳринав, деҳаи Палдораки  ноҳияи Мастчоҳ, Ховалинг ва сохтмони бинои хобгоҳ барои Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло  Шаҳидӣ пешбинӣ гардидааст.

12 сентябри имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, маъмурият, омӯзишӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои ҳунармандону кормандони шуъбаи фарҳанг иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино толор мавҷуд аст, ки он дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ бо тамоми шароиту имконоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвари давлат дар ноҳияи Лахш бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «САНИИОСП» таҳия шудааст.

Тибқи нақша, иншооти нави соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Лахш бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 12 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд. Ин иншоот аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар  мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якум ҳамчунин барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толори фитнес ва ҳуҷраи таҷҳизоти варзишӣ ҷой дода шудаанд.  Дар ошёнаи якум ҳуҷраи маъмурият, ошхонаи хурд барои 20 нафар, толори ақди никоҳ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи машқи раққосон мавҷуд аст.  Дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёду мавриди истифода қарор дода шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст