ДУШАНБЕ-ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ ПЕШРАФТАИ САЙЁҲИИ ДУНЁ! Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

Сентябрь 27, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар саросари олам Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ буда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони гуногуни дунё мебошад.

Имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисоди миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  солҳои охир бо  амалӣ намудани барномаҳои  зиёди давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ натиҷаҳои  назаррас ба даст омада, дар натиҷа ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, хосатан ба шаҳри Душанбе тамоюли афзоиш касб намуд.

Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маркази тамаддуни илм, фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат мебошад. Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, бунёду таҷдиди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ, навсозии пулу роҳҳо ва боғҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бе муболиға Душанберо ба пойтахти муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд.

Сатҳу сифати хизматрасонии субъектҳои сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат на танҳо дар рушди соҳа, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардҳои он дар сатҳи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир бо ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои  рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хизматрасонии босифат ва сатҳи баланд барои сайёҳон амалӣ шуданд, шаҳри Душанбе ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил ёфт.

Имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии пойтахт рӯз аз рӯз густариш ёфта, инфрасохтори мукаммал бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе барои қабули меҳмонону сайёҳон 50 меҳмонхонаи гуногунсатҳ фаъолият дорад.

Ба меҳмонону сайёҳон ва сокинони пойтахт 733 нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла 584 автобус, 30 электробус, 120 троллейбуси бесими замонавӣ, 4350 нақлиёти кироякашӣ таксӣ (1668 электромобил ва 1557 микроавтобус) хизмат мерасонанд.

Дар пойтахти мамлакат аз ҷониби як силсила инфрасохтор, аз ҷумла 27 бозор, 118 тарабхона, 156 қаҳвахона, 233 чойхона ва ошхона, 39 маркази дилхушӣ, 125 маркази савдо, 2334 мағоза, 20 мағозаи фурӯши китоб, 117 нуқтаи фӯруши сузишворӣ, 55 таваққуфгоҳ, 95 нуқтаи шустушӯи нақлиёт, 75 нуқтаи таъмири нақлиёт, 198 сартарошхона, 210 кошонаи ҳусн ва 360 дорухона ба сокинон ва сайёҳону меҳмонон  хизмат расонида мешавад.

Дар шаҳри Душанбе 61 боғу гулгашт, аз ҷумла 17 боғи замонавӣ, 44 гулгашт ва 1 боғи ҳайвонот фаъолият доранд, ки макони дилкаш ва мавриди таваҷҷуҳи сокинону сайёҳони пойтахт ба шумор мераванд.

Бо мақсади боз ҳам зебову сарсабз гардонидан ва ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе давоми солҳои 2017-2024 ба миқдори 1 571 286 бех дарахту буттаҳо, 112 848 621 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуда, дар масоҳати 2 256 012 метри мураббаъ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ–фароғатӣ майдони майсазору чаманзор ташкил шуд.

Шаҳри Душанбе дорои 11 осорхона, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, Осорхонаи мардумшиносӣ, Осорхонаи геологӣ, Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе (Маҷмааи Истиқлол), Осорхонаи асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, Осорхонаи мусиқавӣ ва фарҳангии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, осорхонаҳои адабии «Садриддин Айнӣ», «Мирзо Турсунзода», «Абулқосим Лоҳутӣ» ва «Муҳаммадҷон Раҳимӣ» мебошад.

Имрӯз дар пойтахт 17 китобхонаи илмӣ-оммавӣ фаъолият дошта, калонтарини он Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки аз бузургтарин махзанҳои илму маърифат дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва дар махзани худ зиёда аз 6 миллион китобро нигоҳ медорад.

Инчунин барои истироҳати сокинону меҳмонон 5 кӯл ва маркази истироҳатию фароғатӣ, ба монанди «Кӯли Душанбе», «Кӯли ҷавонон», «Обшорон», «Делфин» ва «Спа Ҳаёт» фаъолият менамоянд.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ва Маркази истироҳативу фарҳангӣ ва сайёҳии «Кӯли Душанбе» яке аз маконҳои истироҳатию фароғатие мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ ба қатори калонтаринҳо ворид шудаанд.

Дар шаҳр сайёҳии табобатию солимгардонӣ низ дар ҳоли рушд қарор дорад ва ба истифода додани муассисаҳои тиббию профилактикии ба талаботи замон ҷавобгӯ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти пешқадам далели ин гуфтаҳо мебошад. Айни замон дар Душанбе зиёда аз 344 муассисаи табобатию профилактикӣ фаъолият менамояд.

Кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Сомон», «Истиқлол», «Парфенон» ва «Ваҳдат», инчунин «Майдони Истиқлол» дар шаҳри Душанбе аз санъати волои шаҳрсозии миллати тоҷик дарак медиҳад.

«Майдони Истиқлол» яке аз нобиғаҳои сайёҳии пойтахти мамлакат маҳсуб шуда, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардидааст ва манораи он 121 метр баландӣ дорад. Дар ошёнаи якуми манора 7 толори кушоду барҳаво, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва толори синамои 5D ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди пойтахт дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Ин маҷмаи муҳташами сайёҳӣ бо тамоми унсурҳои хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, деворнигораҳо, нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷикро инъикос менамояд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар доираи нақшаву барномаҳои қабулгардида солҳои охир бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии имконияти пойтахт бештар аз 200 фестивалу озмунҳо ва намоишгоҳу форумҳо баргузор карда шуданд.

Аз ҷумла, аз 25 то 27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 20 ширкати хориҷӣ аз 16 давлат ва 90 ширкати ватанӣ иштирок намуданд.

Дар доираи Намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» низ доир карда шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои он байни ширкатҳои иштирокдор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои инфрасохторӣ дар пойтахти мамлакат озмунҳои мақолаи беҳтарин «Душанбе — масири имкониятҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе» гузаронида шуданд.

Инчунин бори нахуст дар пойтахти мамлакат се Форуми байналмилалӣ “Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, “Душанбе Инвест” ва Фестивали байналмилалии “Наврӯз-2023” дар сатҳи баланд бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.

Бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе, ҷалби бештари сайёҳон ба пойтахт ва таъмини шароити мусоид барои истироҳат ва фароғати сокинон ва меҳмонон 3 маротиба Фестивали тобистонаи Душанбе — Dushanbe Summer Fest, 2 маротиба Фестивали таомҳо ва мусиқӣ ва Фестивали «Лайф Фест» бо фарогирии беш аз 500 000 нафар сокинони пойтахт ва шаҳрвандони хориҷӣ доир карда шуд.

Барои баланд бардоштани хизматрасонӣ дар инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанба ва мутобиқ сохтани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ 6 маротиба даврҳои омӯзишӣ, аз қабили «Пешхизмат», «Роҳбаладӣ», «Кӯҳнавардӣ», «Фарҳанги меҳмондорӣ» ва 2 маротиба «Забони англисӣ» барои пешхизматони тарабхонаву ошхонаҳо, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

Барои рушду инкишофи намудҳои сайёҳии пиёдагардӣ, экологиву варзишӣ, табобативу солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ 2 маротиба саёҳати пиёдагардӣ ва 1 маротиба саёҳати экологӣ дар «Боғи Ғалаба»,  3 маротиба семинари омӯзишӣ-амалии кӯҳнавардӣ ва саёҳати оммавии кӯҳгардӣ дар дараҳои Варзоб, Ромит, Қаратоғ ва 3 маротиба саёҳати зимистона дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ, мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ, блогерон, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони васоити ахбори омма ташкил ва баргузор гардид.

Ба миқдори 41 000 нусха маводи таблиғотӣ, аз қабили харитаи сайёҳии пойтахт, буклет, фиттаҳои махсус, роҳнамо барои сайёҳон, китобчаи электронӣ (планшет) бо забонҳои русӣ ва англисӣ, ба ширкатҳои сайёҳиву нақлиётӣ, истгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилӣ, Роҳи оҳан, терминали Азия экспресс ва меҳмонони хориҷӣ тақсим карда шуд.

Дар сомонаи расмии шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт www.dushanbe-travel.tj ва саҳифаҳои сайёҳии Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel) ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза маконҳои ҷолибу зебо ва чорабиниҳои пойтахт васеъ инъикос карда мешаванд. Танҳо давоми солҳои 2023-2024 тавассути ин саҳифаҳо зиёда аз 3427 акс ва 171 ролики тарғиботию ташвиқотии шаҳри Душанбе инъикос карда шуданд.

Дар шаҳри Душанбе дар айни замон зиёда аз 106 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.  Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо соли 2023 ба ҳудуди пойтахти мамлакат тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ зиёда 229,1 ҳазор нафар ворид гардидаанд, ки нисбат ба соли 2022 19% зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли 2024 танҳо тавассути 2 гузаргоҳи сарҳадӣ 114 ҳазору 322 сайёҳ ба Душанбе ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  22 дарсад зиёд мебошад.

Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе – бародаршаҳрҳо ва Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ буда, бо 22 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибат барқарор намудааст.

Маҳз бо назардошти имконият ва муваффақият доир ба рушди сайёҳӣ шаҳри Душанбе солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дар соли 2021 ба сифати «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» пазируфта шуд. Ҳамзамон тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия, шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлтҳои Мустқил ва ба даҳгонгаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нав ворид гардид.

Бовар дорем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  инфрасохтори соҳаи сайёҳии пойтахти мамлакат боз ҳам рушд ёфта, бо зиёд шудани ташрифи сайёҳон соҳа дар рушду муаррифии шаҳри Душанбе ва дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бештар мегузорад.

Дилшоди ҶАМШЕД,
мудири шуъбаи рушди сайёҳии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 27, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд
Иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Соро Аҳмадӣ аз Эрон: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғарибӣ намекунем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад
Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 зиёда аз 110 ширкати сайёҳӣ ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд
Олимон бо таҳқиқи зери пиряхи Туэйтс хавфи эҳтимолиро барои сайёра ошкор намуданд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад
Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 оғоз ёфт
Дар ҳамоиши илмӣ масъалаи афзалияти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳасани Саъдидӣ аз Эрон: «Шаҳри Душанбе гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ аст»
«ШАҲРИ ДУШАНБЕ — АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ». Дар ин намоиш 100 ашёи осорхонавӣ ба тамошо гузошта шудааст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Қариб 70 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию табобатии шаҳри Ҳисорро тамошо карданд