Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 16 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст. То 30 август дар 16 ҳазору 477 гектар кишт гузаронида шуд, ки нисбат ба дурнамо 315 гектар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав ва картошкаи пешпазак кишти шолӣ бештар гузаронида мешавад. Бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат кишти шолӣ бо тарзу усули нав, яъне бо ниҳолчаҳо парвариш карда мешавад, ки ин ба сарфа шудани обу вақт равона гардидааст.
Биринҷ яке аз донагиҳои бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро он баъд аз зироати ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ парвариш карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 15 килограмм рост меояд.
Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни биринҷ, аз ҷумла девзира, оқпар, ҷойдорӣ, миёнколӣ, сурх ва ғайра маъмул ҳастанд. Аз ин навъи зироати донагӣ таомҳои гуногун — палав, ширбиринҷ, шавла, мастоба, кичирӣ ва ғайра омода карда мешавад.
Ба гуфти табибон, биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст ва бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷитакро меравонад.
Дар таркиби он 78 фоиз карбогидратҳо мавҷуд буда, аз тиамин-В1, рибофлавин-В2, ниатсин-В3, В6 ва витаминҳои Е бой аст. Аз сабаби зиёд будани калий дар таркибаш он миқдори намакро, ки бо маҳсулоти дигар ба организм ворид мешавад, ба эътидол меорад.
Аз сабаби он ки дар таркиби биринҷ умуман намак мавҷуд нест, онро ҳамчун ғизо ба афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, гурда ва онҳое, ки мехоҳанд вазни худро гум кунанд, тавсия медиҳанд.
Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором мекунанд ва ба пӯст, нохун ва мӯй беҳбудӣ мебахшанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






