Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик, -бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии омор
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият – шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мояи ифтихори миллати тоҷик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол боз низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Бешубҳа, метавон гуфт, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор меравад. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Зимни он иброз гардид, ки имсол мардуми тоҷик дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакатро натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдоми қаҳрамононаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми 33 сол дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рушди устувор таъмин гардида, заминаҳои мусоид барои пешрафти рӯзафзун гузошта шудаанд.
Дар қатори дигар самтҳо соҳаи омори миллӣ ҳам ҳамасола ба дасотвардҳои назаррас ноил мегардад.
Дар ҷамъомад як зумра кормандани мақомоти омори ҷумҳурӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дар рушди омори давлатӣ бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






